Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба бокс

Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба бокс Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба бокс Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба бокс Чемпионҳои нави Тоҷикистон оид ба бокс

06.04.2020

: 1383

Дар ҳоле ки ҷаҳони бокс бо сабаби авҷ гирифтани бемории ҳамагири Covid-19 дар карантин аст, дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар чемпионат беш аз 200 варзишгар дар ҳайати 8 даста, дудастаӣ аз Душанбею Хатлону Суғд, дастаҳои ВМКБ ва ШНТМ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо аз 2-юм то 6-уми апрел аз рӯи категорияҳои вазнии олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон - сурат гирифт.
Миёни бонувон ҳамаи иштирокчиёни рақобати ниҳоӣ аз Душанбе буданд. Миёни мардон бошад, варзишгарони қариб ҳамаи минтақаҳо ширкат карданд. Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки чанде пеш роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оварданд, дар чемпионат ширкат накарданд.
Ба ғолибон медалу диплом ва туҳфаҳо – таҷҳизоти варзишии намуди бокс тақдим карда шуд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон-2020

Бонувон

 Вазни -51кг
1. Қосимова Сумайя (Душанбе)
2. Ҳақназарова Руҳафзо (Душанбе-1)
3. Идимоҳи Саидқул (Хатлон-1)
3. Холова Ҳусния (Хатлон-2)

Вазни -57кг
1. Самадова Миҷгона (Душанбе)
2. Абдухолиқзода Мадина (Душанбе-1)
3. Лайлои Бурҳон (Душанбе)
3. Мелибоева Фотима (ШНТМ)

Вазни -60кг
1. Зулқайнарова Шоира (Душанбе)
2. Раҳимова Шаҳло (Душанбе-1)
3. Асадова Мавлуда (Душанбе)
3. Нозимова Мавлуда (Хатлон-2)

Вазни -69кг
1. Холова Идимоҳ (Душанбе)
2. Бобоёрова Нилуфар (Душанбе)
3. Ҷалилова Ҷавҳарбӣ (Хатлон-2)
3. Малиқоева Ҷавоҳирот (Душанбе)

Вазни -75кг
1. Каримова Фарзона (Душанбе)
2. Шоймуродова Фарзона (Душанбе)
3. Одинаева Мавлуда (Хатлон-2)
3. Каримова Нодира (Хатлон-1)

Мардҳо

Вазни -52кг
1. Абдусамадзода Муҳаммад (Суғд-2)
2. Эмомалӣ Раҳмон (Хатлон-2)
3. Шобдуллоев Ганҷибек (Душанбе)
3. Рустамов Шермуҳаммад (Суғд-2)

Вазни -57кг
1. Сагизов Бахтовар (Хатлон-2)
2. Шарипов Абдулло (Душанбе-1)
3. Маҳмудов Ворис (Душанбе)
3. Дурандеш Амирхон (Хатлон-2)

Вазни -63кг
1. Ёқубов Абдураҳмон (Суғд-1)
2. Саломатов Шуҳрат (Душанбе)
3. Ниёзмамадов Элчибек (Душанбе)
3. Ҳамидов Меҳроб (Душанбе-1)

Вазни -69кг
1. Амонов Саидикром (Душанбе-1)
2. Оғоназаров Шоҳрух (ВМКБ)
3. Назаров Амирҷон (Хатлон-2)
3. Қурбонов Имомдод (Душанбе)

Вазни -75кг
1. Мирзомуҳаммад Бахтиёр (Душанбе)
2. Қаюмов Замирбек (Суғд-2)
3. Нозимов Шоҳрух (Хатлон-2)
3. Амонов Абубакр (Душанбе-1)

Вазни -81кг
1. Саидов Аҳмадҷон (Душанбе)
2. Шарипов Некрӯз (Хатлон-2)
3. Шоҳназаров Фаридун (Хатлон-2)
3. Қиматшоев Броимшо (ВМКБ)

Вазни -91кг
1. Болтаев Давлат (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷасур (Суғд-1)
3. Каримов Парвиз (Душанбе-1)
3. Муҳаммад Ҷалолиддин (Хатлон-2)

Вазни +91кг
1. Зуҳуров Сиёвуш (Душанбе)
2. Қурбонов Ҷаҳон (Суғд-1)
3. Бафоев Абубашир (Душанбе)
3. Аброриддинов Муҳаммад (Душанбе-1)