Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон-2020: 3 бозӣ, 7 гол дар даври аввал

06.04.2020

: 1357

5-уми апрел мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз гардид.

Дастаҳои нави лигаи олӣ – “Локомотив-Помир” ва “Файзканд дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ (2:2) бозӣ карданд. “Хатлон” бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дидори дастаҳои “Куктош” ва “Регар-ТадАЗ” бе гол анҷом ёфт – 0:0.
Ду бозии дигари даври якуми Чемпионати Тоҷикистон 8-уми апрел доир мегардад. “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо КМВА бозӣ мекунад, “Душанбе-83” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат “Истиқлол”-ро мепазирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).
5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).
5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0
5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

8 апрел (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00

 «Душанбе-83» – «Истиқлол»
Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

КМВА – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ