Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 27 намуди варзиш доир мешавад

03.04.2020

: 1112

5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20-29 августи соли 2021 дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешавад.

Дар ин бора 3 апрел дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ба барномаи бозиҳо 27 намуди варзиш ворид карда шудааст:

1. Варзиши сабук,
2. Камонварӣ
3. Баскетбол 3х3
4. Бочче
5. Велосипедронӣ (дар шоҳроҳ; пайгирӣ (трек)
6. Шамшербозӣ
7. Чавгонбозӣ
8. Футбол
9. Гимнастика (варзишӣ; аэробика)
10. Ҳендбол
11. Ҷудо
12. Каратэ
13. Кикбоксинг
14. Тирандозӣ
15. Шиноварӣ
16. Теннис
17. Тенниси рӯи миз
18. Таеквондо
19. Волейбол
20. Вазнбардорӣ
21. Гуштин (тарзи озод; юнонӣ-римӣ)
22. Гуштини анъанавии туркӣ
23. Камонварии анъанавӣ
24. Пара-варзиши сабук
25. Пара-камонварӣ
26. Пара-тенниси рӯи миз
27. Пара-шиноварӣ

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор ол як маротиба баргузор мешавад. Аввалин бозиҳо дар шаҳри Макка (Арабистони Саудӣ), дуюм бозиҳо дар Теҳрон (баргузор нашуд), сеюм бозиҳо дар Балли (Индонезия), чорум бозиҳо дар Боку (Озарбойҷон) доир гаштааст. Дар бозиҳо давлатҳои аҳолиашон мусулмон ширкат мекунанд. Соли 2017 54 давлат варзишгаронашонро ба Боку фиристода буданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду давраи бозиҳо ширкат карда, 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медали тиллоро дар Макка Дилшод Назаров дар варзиши сабук сазовор шуд. Дар аввалин бозиҳо Насхиддин Ворисов дар намуди таеквондо медали нуқра ба даст овард. 4 медали биринҷиро варзишгарони мо соли 2017 дар Боку аз рӯи намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиб шуданд - Наврӯз Арабов 2 медал, Назаралии Абдуалӣ, Исмоил Сангов якмедалӣ.