Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд

Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд Ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи КМОТ дар соли 2020 доир шуд

03.04.2020

: 1186

3 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Масъалаҳои ҳисоботи Кумита дар соли 2019, муҳокимаи либоси ягонаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2021 аз ҷониби иштирокчиён баррасӣ шуд.
Котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо зимни ироаи ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2019, аз ҷумла қайд кард, моҳи апрели соли гузашта зимни сафари Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Руссия миёни Кумитаи олимпии Руссия ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳамчунин, бо роҳбарияти як қатор ташкилотҳои варзишӣ, аз ҷумла президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ мулоқотҳо доир гардида, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Дар заминаи чунин мулоқотҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ як маҷмааи варзишӣ ва аз ҷониби Федератсияи бадминтони Осиё як майдон барои бозии бадминтон сохта хоҳад шуд.
Дар идома қайд гардид, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасон оид ба лижарониро (4 нафар) ба аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019”, ки моҳи феврал дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия баргузор шуд, сафарбар намуд. Дар заминаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо ВТФ аз 8 то 22 июл дар Ҷумҳурии Корея ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шуданд. Дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон, ки моҳи октябри соли 2018 зимни сафари расмии Президенти Кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Ҷопон ба имзо расида буд, моҳи август дастаи мунтахаби дзюдо дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд. Моҳи октябр ду нафар узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба шиноварӣ бо сармураббӣ барои иштирок дар лагери байналмилалии шиноварӣ ба Доҳаи Қатар сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, ду нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар шаҳри Сочии Руссия ба тамрин машғул шуданд. 4 варзишгари навраси кишвар тибқи озмун интихоб ва 1 июн дар аввалин Форуми байналмилалии олимпиёни наврас дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ширкат карданд.
Таъкид шуд, ки фаъолияти Кумитаи миллии олимпӣ ва дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо аз ҳисоби барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2019 Кумита 21 барномаи Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиёро дар Тоҷикистон татбиқ кард, ки 455054 нафарро фаро гирифт.
Дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020 15 нафар ҳар моҳ аз 200 то 950 доллар кӯмакпулӣ дарёфт карданд, ки барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии барнома дар соли 2019 72000 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар доираи Барномаи қитъавии дастгирии молиявии варзишгарон 12 варзишгар аз рӯи 6 намуди варзиш бо маблағи умумии 24891 доллари ИМА ба 12 мусобиқаи байналмилалии литсензионӣ сафарбар гардиданд.
Дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022, ки аз моҳи ноябри соли 2019 шуруъ гардид, то моҳи феврали соли 2022 ду варзишгар аз намуди лижаронӣ Сайфиддини Низомиддин ва Ғоибов Баҳриддин ҳар моҳ 1500-долларӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд, ки барои иштирок дар мусобиқаҳо ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, тамрин ва хизматрасонии тиббӣ (формакология) пешбинӣ шудааст.
Соли 2019 дар асоси Барномаи давраҳои омӯзишии маъмурони соҳаи варзиш дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Хоруғ, Норак, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддин Балхӣ, Кӯлоб ва Истаравшан 7 давраи семинарҳои такмили ихтисос гузаронида шуд, ки ба онҳо 150 нафар ҷалб гардиданд. Дар доираи Барномаи курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиён бошад, моҳи июн курсҳои омӯзишӣ барои мураббиёни қайиқронӣ (22 нафар) бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ Аднан Алиев аз Булғория, моҳи июл чунин курсҳои омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондо ВТФ (24 нафар) бо ҷалби коршиносони дараҷаи байналмилалӣ Лим Ҷаэҳюн ва Ҷонг Ҳо Бак аз Кореяи Ҷанубӣ ва моҳи ноябр курсҳои омӯзишӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз (20 нафар) бо ҷалби коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Муҳаммад Атум аз Урдун доир шуданд.
Барномаи тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони асил (орӣ аз истифодаи допинг) моҳҳои январ-феврал татбиқ шуд. Дар доираи барнома дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе зиёда аз 60 семинари омӯзишӣ доир карда шуд. 1500 варзишгар ва 20 мураббӣ ба чорабиниҳо ҷалб гардиданд. Дар доираи барнома дастурамалҳо нашр гардида, ба мактабҳои варзишӣ дастрас карда шуд.
Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Турсунзода, Рашт, Панҷакент, Ашт, Бохтар татбиқ карда шуд. Дар доираи барнома 10 омӯзгор аз шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар як семинари 7-рӯза омӯзиш диданд ва онҳо дар мактабҳо хонандагонро бо арзишҳои олимпӣ ва дастовардҳои олимпии мамлакат ошно карданд. Шумораи омӯзишдидагон аз ҳисоби хонандагон 3100 нафарро ташкил дод. Дар доираи барнома дастурамали омӯзишӣ ба нашр расида, дар мактабҳо тақсим карда шуд.
Дар самти баргузории чорабиниҳои варзишӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат (102000 сомонӣ) ва мусобиқаҳои ВМКБ оид ба волейбол ва дзюдо (27000 сомонӣ) ва шаҳри Кӯлоб оид ба волейбол ва футболи хурд (18000 сомонӣ) барои дарёфти Ҷоми Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор шуданд, бо ҷоизапулии Кумитаи миллии олимпӣ қадрдонӣ шуданд.
Қайд гардид, ки соли 2020 бемории вируси КОВИД-19 дар тақвими чорабиниҳои варзишӣ дигаргунии ҷиддӣ ба амал овард. Бисёр мусобиқаҳо ё лағв шуданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд. Аз ҷумла, 32-юм Бозиҳои Олимпиада, ки бояд аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешуд, расо як сол баъд – 23 июл – 8 августи 2021 – ба таъхир афтод. Соли 2020 Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин (ноябр-декабр), Бозиҳои сабз миёни ҷавонон – моҳи август дар Муғулистон дар назар аст. Дар бораи барҳам додан ё ба вақти дигар мондани ин бозиҳо ҳоло тасмим гирифта нашудааст.
Таъкид шуд, ки Кумита пайваста бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар тамос аст ва аз навигариҳо тавассути сомонаи Кумита федератсияҳо ва варзишгарон огоҳ мешаванд. Варзишгарони мо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд. Вале феълан мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи бисёр намудҳо барҳам дода шуданд. Федератсияҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ санаи нави мусобиқаҳоро эълон хоҳанд кард, ки ба эҳтимоли зиёд аввали соли 2021 ба нақша гирифта мешаванд. Аз варзишгарон даъват карда шуд, ки ҷиддӣ ба тамрин машғул шаванд, машқҳои дастаҷамъӣ пас аз эълони санаи дақиқи мусобиқаҳо ташкил карда мешаванд.