Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Санаи нави баргузории Бозиҳои олимпии Токио эълон шуд

30.03.2020

: 791

23 июл – 8 августи соли 2021 санаи нави баргузории 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токио эълон шуд.

Ин тасмим пас аз конфронси видеоии президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах бо Президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” ва Ҳукумати Ҷопон гирифта шуд.
Як ҳафтаи қабл бо қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ҳукумати Ҷопон Бозиҳои олимпии Токио, бо сабаби авҷ гирифтани вируси корона, ба вақти дигар, аммо на дертар аз тобистони соли 2021, ба таъхир афтод.
Бозиҳои паралимпӣ бошад, аз 24 август то 5 сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуд.
Таҷрибаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар таърих бори аввал аст ва ин тасмимро федератсияҳои байналмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ дастгирӣ карданд.
Аз рӯи нақшаи аввалия бозиҳо бояд имсол аз 24 июл то 9 август баргузор мешуд. Акнун дар тақвими варзиши ҷаҳон тағйирот ба амал хоҳад омад. Аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2021 ба соли 2022 гузаронида хоҳад шуд. Ҳамин тариқ Варзиши сабуки ҷаҳониро зарур меояд, соли 2023 низ чемпионати ҷаҳон гузаронад ва соли 2024 боз дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунад. Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2021 низ, ки моҳи августи соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.