Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мавсими нави Чемпионати футбол 5 апрел оғоз мегардад

30.03.2020

: 831

5-уми апрел 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ мешавад.

Дар мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон 10 клуб иштирок мекунанд: «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Куктош» (Рудакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе).
Чемпионати Тоҷикистон-2020 дар се марҳила сурат мегирад, ки ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар асоси низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки дар ҷадвали ҷамъбастӣ ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал бошанд, дар мавсими 2021 дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.
Дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 5 апрел се бозӣ доир мешавад: «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Куктош» – «Регар-ТадАЗ». Ду бозии дигар 8 апрел сурат мегирад. Дар ин рӯз «Душанбе-83» бо «Истиқлол», КМВА бо «Хуҷанд» вомехуранд.
Чун анъана пеш аз оғози чемпионат бозӣ барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки чемпиони Тоҷикистон ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2019 дастаи “Истиқлол” ва барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон дар соли гузашта дастаи “Хуҷанд” талош мекунанд. Дидори дастаҳо 4 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр

5 апрел (якшанбе)
Оғоз – соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»
«Хатлон» – «Истаравшан»
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ»

8 апрел (чоршанбе)
Оғоз – соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»
КМВА – «Хуҷанд»