Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаҳои қайиқронӣ низ ба таъхир афтода, ё барҳам хурданд

19.03.2020

: 101

Федератсияи байналмилалии каноэ (ICF) эълон кард, ки мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба каноэ, ки дар давраи то 31-уми май ба нақша гирифта шуда буд, бо сабаби авҷ гирифтани вируси корона – COVID-19 – доир намешаванд.

ICF амалкардҳояшро дар робита ба ҳолати фавқулодда алоқаманд ба коронавирус, хусусан барҳам додан ё ба вақти дигар гузаронидани мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 идома медиҳад.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо пахши як изҳорот тасдиқ кард, ки Бозиҳои олимпии Токио тибқи нақша 24 июл оғоз мегардад, ҳамчунин қайд намуд, ки ба намудҳои варзише, ки ҳоло роҳхатҳои оход ба бозиҳоро доранд, мисли каноэ, кӯмак хоҳад кард.
Вазъият дар робита ба вируси корона дар ҷаҳон ноустувор боқӣ мемонад, аз ин рӯ мусобиқаҳои калидӣ аллакай барҳам дода шуданд. Феълан ICF ҳамаи мусобиқаҳои интихобии олимпии қоравӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё оид ба каноэро, ки бояд дар Тайланд баргузор мешуд, барҳам дод. Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ низ 21-24 май дар Дуисбурги Олмон доир намешавад, вале ICF ва кумитаи тадурокот имкони баргузории мусобиқаро дар охири моҳи июн баррасӣ менамоянд.
ICF барои тақсими роҳхатҳо дар равияи слалом радабандии ҷаҳониро истифода хоҳад кард. Ин масъала феълан бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳокима мешавад ва қарор дар ин бора оғози моҳи апрел қабул мегардад.