Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур Усмонов роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овард

11.03.2020

: 1698

Варзишгари маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард.

Баҳодур 11 март дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд.
Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд.
Дар вазни -63кг дар баробари Баҳодур Усмонов Обада Алкасба (Урдун), Закир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Узбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон доир мегардад, пайдо намуданд.