Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Се муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпӣ имкон доранд

10.03.2020

: 1356

8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун доир шуд.

4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ, Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит шикаст хурданд. Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Нахуст 10 март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун шикаст хурд, баъдан 11 март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон) / Нгуйен Суонг (Ветнам) қувва меозмояд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урудунӣ, Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб гардиданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ нерӯ месанҷанд.  
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карданд, ки 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб шуданд.