Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми пойтахт насиби Донишгоҳи славянӣ шуд

Ҷоми пойтахт насиби Донишгоҳи славянӣ шуд Ҷоми пойтахт насиби Донишгоҳи славянӣ шуд

09.03.2020

: 940

Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” бо пирӯзии дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия анҷом ёфт.

Мусобиқа 19 феврал ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи модар, рушду равнақи волейбол байни бонувон ва тарғиби тарзи ҳаёт солим миёни идораву муассисаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.
Дар бозии ниҳоӣ волейболбозбонувони Донишгоҳи славянӣ бар тими Муассисаи давлатии "Раëсати кор бо мактабҳо" пирӯз шуд. Ҷойи 3-юмро Сарраëсати маорифи шаҳри Душанбе ишғол намуд.
Дар мароисми ҷоизасупорӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфт ва ба ғолибон ҷому медалҳои мусобиқаро супорид.