Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шаббос ба чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ роҳ ёфт

05.03.2020

: 1640

Дар пайи Баҳодур Усмонов Шаббос Негматуллоев низ аввалин ҳарбашро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бо пирӯзӣ анҷом дод.

Шаббос низ дар дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм намояндаи Афғонистон Файзуллоҳ Арюбиро мағлуб кард ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Ҳарифи навбатиаш чемпиони ҷаҳон-2019 Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон мебошад, ки 8-уми март нерӯ месанҷанд.    
Фардо - 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав, дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд ва 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг,  дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ал-Мриҳел аз Урдун ҳарб мекунанд.