Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қуръакашии лигаи олии футболи мамлакат доир шуд

28.02.2020

: 1121

28 феврал дар меҳмонхонаи “Hyatt Ragency”-и Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 доир шуд.

Чемпионат дар се марҳила сурат мегирад ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Дар 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: “Истиқлол”, “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ”, КМВА, “Истаравшан”, “Куктош”, “Хатлон”, “Локомотив-Помир”, “Файзканд”, “Душанбе-83”. Се дастаи охир бори аввал ба лигаи олӣ роҳхат гирифтаанд.
Қуръакашии тақвими чемпионатро футболбозони дар гузашта маъруфи кишвар – Зокир Бердиқулов, Иброҳим Рабимов, Алексей Негматов ва Мансур Ҳакимов анҷом доданд. Ҷомро дар оғози маросим серҷоизатарин футболбоз дар таърихи Чемпионати Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов, ки дар ҳайати дастаҳои “Варзоб”, “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” чемпион шудааст, ба саҳна баровард.
Тибқи анъана аввал қуръакашии ду марҳилаи чемпионат ва баъдан марҳилаи сеюм доир гашт.
Нахуст қуръакашии рақамгузории дастаҳо сурат гирифт, ки натиҷа чунин шуд:

1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

2. «Душанбе-83» (Душанбе)

3. КМВА (Душанбе) – Клуби марказии варзишии артиш

4. «Хатлон» (Бохтар)

5. «Куктош» (Рӯдакӣ)

6. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7. «Истаравшан» (Истаравшан)

8. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

9. «Истиқлол» (Душанбе)

10. «Файзканд» (Восеъ)

Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон «Локомотив-Помир» бо «Файзканд», «Душанбе-83» бо «Истиқлол», КМВА бо «Хуҷанд», «Хатлон» бо «Истаравшан», «Куктош» бо «Регар-ТадАЗ» вомехуранд.
Баъд аз муайян шудани тақвими чемпионат дар ду марҳила муайян карда шуд, ки дар марҳилаи сеюм кадом дастаҳо дар хона ва кадом дастаҳо дар сафар бозӣ мекунанд. Дар натиҷа дастаҳо чунин рақамгузорӣ шуданд:

1. «Истаравшан» (Истаравшан)

2. «Куктош» (Рӯдакӣ)

3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4. КМВА (Душанбе)

5. «Душанбе-83» (Душанбе)

6. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

7. «Файзканд» (Восеъ)

8. «Хатлон» (Бохтар)

9. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

Дар асоси ҷадвали Бергер дар даври ифтитоҳии марҳилаи сеюм «Истаравшан» бо «Истиқлол», «Куктош» бо «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», КМВА бо «Файзканд» ва «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» бозӣ хоҳанд кард.
Тибқи низомномаи чемпионат, дастаҳои лигаи олӣ, ки дар ин мавсим ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал бошанд, дар мавсими 2021 дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд.