Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ФФТ-2020: Иштирокчиёни даври нимниҳоӣ маълум шуданд

26.02.2020

: 1158

Дастаҳои КМВА, “Равшан”, “Душанбе-83” ва “Куктош” ба даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Дар даври сеюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2020, ки 25-26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, дар гурӯҳи “Б” “Куктош” бар дастаи “Эсхата” бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” – “Хатлон” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.
Дар гурӯҳи “А” бошад, КМВА бар тими “Локомотив Помир” бо ҳисоби 1:0 ва “Равшан” бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Равшан”, КМВА ва аз гурӯҳи “Б” дастаҳои “Куктош”, “Душанбе-83” ба даври нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2020 роҳ ёфтанд. Дар даври баъдӣ, ки 28 феврал доир мегардад, "Равшан" бо “Душанбе-83”, “Куктош” бо КМВА барои баромадан ба финал нерӯ месанҷанд.