Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО

Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО Нуқра ва биринҷии гуштингирони тоҷик дар рӯзи панҷуми ЧО

23.02.2020

: 1117

22 феврал дар рӯзи панҷуми Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд.

22 феврал қувваозмоиҳо дар равияи гуштини озод дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97кг сурат гирифт. Варзишгарони мо дар се вазн гуштин гирифтанд ва ба гирифтани як медали нуқра ва як биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали нуқраро Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57кг сазовор шуд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари Қирғизистон Бекболод Мирзоназар уулу, дар нимфинал намояндаи Узбекистон Сардор Рузимовро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон Кумар Равӣ мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Медали биринҷиро Искандари Рустам дар вазни 97кг ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Покистон Тайаб Раза ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи кишвари мизбон – Ҳиндустон Сативарт Кадиан шикаст хурд. Искандар сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Урдун Зайд Ҳусейн Муҳаммад Ҳорун Шишонӣ дастболо шуд.
Варзишгари дигарамон Ҷамшед Шарифов дар вазни 65кг дар даври интихобӣ аз варзишгари Ҳиндустон Байранг Байранг ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Узбекистон Аббос Раҳмонов мағлуб гардид.
Имрӯз – 23 феврал – дар рӯзи охири чемпионат варзишгарони мо дар вазнҳои 61кг (Муҳаммад Икромов), 74кг (Ғуломҷон Шарифов), 86кг (Баҳодур Қодиров) ва 125кг (Фарҳод Анақулов) гуштин мегиранд.