Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мубинҷон Ахмедов – барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё

19.02.2020

: 1291

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон узви дастаи мунтахаби кишвар Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ ба даст овард.

Мубинҷон дар вазни 63кг-и гуштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Кувейт Муҳаммад Алаҷмӣ ғалаба кард. Дар ин вазн варзишгари Узбекистон Элмурод Тосмуродов ғолиб шуд. Медали дигари биринҷиро намояндаи Эрон соҳиб гардид.
Дар рӯзи аввал, ҳамчунин ду варзишгари дигарамон – Муслиҳиддин Уроқов (77кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87кг) гуштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд.
Имрӯз қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар 5 вазни дигар идома меёбад, варзишгарони мо дар 4 вазн гуштин мегиранд - Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Зайниддин Қамаров (67кг), Лоиқ Амирхонзода (72кг), Мирзоамин Сафаров (97кг).