Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии тими футзали кишвар дар бозиҳои дӯстона

Пирӯзии тими футзали кишвар дар бозиҳои дӯстона Пирӯзии тими футзали кишвар дар бозиҳои дӯстона

14.02.2020

: 1231

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон силсилаи бозиҳои рафиқонаашро дар моҳи феврал ба анҷом расонд, ки барои шогирдони мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 дар Ашқобод маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, футболбозони мо дар шаҳри Даммом муқобили дастаҳои мунтахаби футзали Арабистони Саудӣ ва Кувейт ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳар ду ғалаба карданд.
Бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ 12 феврал баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони мо анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Рустам Ҳомидов ва Иқбол Воситзода ба ҳадаф расониданд.
13 феврал, дар бозии дигари дӯстона футболбозони толории мо муқобили мунтахаби Кувейт ба майдон баромада, бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардиданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев ва Собирҷон Гулаков ба номашон сабт карданд. Як голи дигарро кувейтиҳо худашон ба дарвозаашон заданд.
Акнун дастаи футзали кишвар ба Душанбе баргашта, омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 идома медиҳад. Ёдовар мешавем, ки тими футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.