Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мураббиён бо асосҳои мубориза бо допинг шинос шуданд

Мураббиён бо асосҳои мубориза бо допинг шинос шуданд Мураббиён бо асосҳои мубориза бо допинг шинос шуданд

13.02.2020

: 108

9 феврал дар маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе даври дуюми Барномаи тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони покиза шуруъ гардид, ки то 14 феврал идома меёбад.

Дар семинари омӯзишӣ беш аз 50 нафар масъули соҳаи варзиши вилояти Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок доранд.
Дар асоси лоиҳа иштирокчиён, ки асосан мураббиёни мактабҳои варзишӣ ҳастанд, бо асосҳои мубориза бо допинг, ҷараёни ташхиси допинг, тарзи кори Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг ва ғайра шинос карда мешаванд. Чунин семинар дар шаҳри Хуҷанд барои мураббиёни вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.
Иштирокчиён аз 8 нафар мутахассиси соҳа, ки дар даври аввали барнома омӯзиш дида буданд, масъалаҳои мубориза бо допингро аз худ мекунанд. Онҳо дар анҷом соҳиби сертификат гардида, дар 56 шаҳру ноҳияи кишвар доир ба допинг ва оқибатҳои нангини истифодаи он чорабиниҳо мегузаронанд. Тибқи нақша беш аз 5000 варзишгари наврасу ҷавон, ки дар мактабҳои варзишӣ ба тамрин машғуланд, бо масъалаҳои допинг шинос хоҳанд гашт.
Ҳамчунин, дар доираи барнома дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба допинг дастраси мактабҳои варзишӣ мегардад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ пешгирӣ намудани истифодаи доруҳо ва усулҳои мамнуъ аз ҷониби варзишгарон ва мураббиён, ҳамин тавр ҳифзи шаъну шарафи варзиши кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.