Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Коронавирус: ЧҶ оид ба варзиши сабук дар толор имсол баргузор намешавад

Коронавирус: ЧҶ оид ба варзиши сабук дар толор имсол баргузор намешавад Коронавирус: ЧҶ оид ба варзиши сабук дар толор имсол баргузор намешавад

30.01.2020

: 1148

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор дар Нанҷинг бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар Чин барҳам дода шуд.

Баъд аз фишорҳо доир ба барҳам додани мусобиқа бинобар сабаби авҷ гирифтани коронавирус, ки тибқи маълумоти охирин шумораи сироятёфтагон ба беш аз 5000 ва ҳалокшудагон ба 131 нафар расидааст, Иттиҳоди варзиши сабуки ҷаҳонӣ (World Athletics) қарор қабул кард, ки чемпионатро ба соли 2021 гузаронад.
Мусобиқа бояд 13-15 марти имсол дар шаҳри Нанҷинги Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар маркази нави олимпӣ баргузор мешуд.
Варзиши сабуки ҷаҳонӣ иттилоъ додааст, ки аз имкони дар дигар давлат гузаронидани чемпионат даст кашидааст. “Мо ҳамаи имкониятҳоро доир ба дар дигар давлат гузаронидани чемпионат дида баромадем ва хостем ба шаҳри мизбони мусобиқа ташаккур гӯем. Вале тавре маълум аст, сироятёфтагон аз коронавирус берун аз Чин ҳам ба қайд гирифта шудааст ва қарор қабул кардем, ки чемпионатро дертар доир намоем, - омадааст дар маълумотномаи Варзиши сабуки ҷаҳонӣ. – Мо мехоҳем, ки мусобиқа дар Нанҷинг гузарад, зеро барои баргузории он корҳои зиёд анҷом додааст”.