Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Урдун доир мегардад

25.01.2020

: 1056

Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Осиё/Уқёнус 3-11 март дар шаҳри Аммони Урдун баргузор мешавад. Тибқи нақша он бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт.

Ҷои баргузории мусобиқа ба хотири авҷ гирифтани бемории коронавирус дар ин шаҳри Чин тағйир ёфт.
Конфедератсияи футболи Осиё низ макони баргузории мусобиқаи интихобии гурӯҳи “В”-и олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.  
Гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба баргузории мусобиқоти бокс хабарро тасдиқ кард. Баъд аз баррасӣ ва таҳлил пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Урдун оид ба мизбонии мусобиқаи мазкур маъқул шуморида шуд. Доир ба масъалаҳои моддӣ-техникӣ ва эксплуататсионӣ кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои миллӣ ва намояндагони расмӣ дар наздиктарин фурсат огоҳ карда хоҳанд шуд.
Дар айни замон шумораи ҳалокшудагон аз корнавирус дар Чин ба 26 нафар расида, 830 нафари дигар сироят ёфтаанд.