Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футзали Тоҷикистон дар Тайланд бо Эрон ва Кувайт бозӣ мекунад

21.01.2020

: 851

Ҳарифони тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян шуданд.

Дар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад. Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Тайланд, Туркманистон ва Малайзия таркиб ёфтааст.
Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд. Сипас, бозии финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм доир мегардад.
Мусобиқа як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 26 феврал то 8 март дар Ашқобод баргузор мешавад. Дар Чемпионати Осиё оид ба футзал тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо мунтахабҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон вомехурад. 5 дастае беҳтарин Осиё ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал роҳхат мегиранд, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад.

«SAT International Futsal Championship 2020»

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Туркманистон, Малайзия.
Гурӯҳи «В»: Эрон, ТОҶИКИСТОН, Кувайт.

Тақвими бозиҳо:

1-ум давр. 2 феврал (якшанбе)
14:30 – Эрон – Кувайт
17:00 – Тайланд – Малайзия

2-юм давр. 3 феврал (душанбе)
14:30 – Кувайт – ТОҶИКИСТОН
17:00 – Малайзия – Туркманистон

3-юм давр. 4 феврал (сешанбе)
14:30 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
17:00 – Туркманистон – Тайланд

Нимфинал. 6 феврал (панҷшанбе)
14:00 – 1 «А» – 2 «В»
17:00 – 1 «В» – 2 «А»

8 феврал (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
17:00 – Финал

Эзоҳ: Оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе