Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мубориза бо допинг ҷоннок карда мешавад

Мубориза бо допинг ҷоннок карда мешавад Мубориза бо допинг ҷоннок карда мешавад Мубориза бо допинг ҷоннок карда мешавад

10.01.2020

: 1180

8-10 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мутахассисони соҳаи варзиш семинари омӯзишӣ доир гашт.

Семинар дар доираи Барномаи тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони покизаи Ҳамбастагии олимпӣ сурат гирифта, иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба мубориза бо допингро омӯхтанд.
Ба иттилои роҳбари барнома, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов, барнома соли 2019 дар шаҳри Душанбе татбиқ шуда буд, ки беш аз 1500 нафарро фаро гирифт. 
“Имсол мақсад гузоштем, ки ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳуриро дар доираи барнома дар се давра ҷалб намоем. Дар даври аввал 8 нафар мутахассисони соҳа аз Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш се рӯз мавзӯъҳои гуногуни мубориза бо допингро баррасӣ карданд ва донишҳои худро пурра намуданд. Акнун онҳо дар даври дуюм дар шаҳри Душанбе барои 89 нафар мутахассисону мураббиёни муассисаҳои таълимии варзишии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ тренингҳои омӯзишӣ доир менамоянд. Сипас, дар даври сеюм аз ҷониби мураббиёне, ки омӯзиш мебинанд, беш аз 5000 варзишгари наврасу ҷавони мактабҳои варзишии 56 шаҳру ноҳияи кишвар бо масъалаҳои допинг ва оқибати нангини истифодаи он шинос карда хоҳанд шуд”, - афзуд Э. Латипов.
Ҳамчунин, дар доираи барнома дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба допинг нашр ва дастраси мактабҳои варзишӣ мегардад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ пешгирӣ намудани истифодаи доруҳо ва усулҳои мамнуъ аз ҷониби варзишгарон ва мураббиён, ҳамин тавр ҳифзи шаъну шарафи варзиши кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.