Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд

Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд Даври ҷамъбастии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд

14.12.2019

: 1239

14 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, бозиҳои миллии варзишӣ рушд намуданд. Баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки бозиҳои гуногуни варзишии минтақаҳои кишвари азизамонро дар бар мегирад, нишонаи таваҷҷуҳи хоса ба намудҳои гуногуни варзиши миллӣ мебошад.
Дар маросими ҷамъбастии фестивал ғолибони мусобиқаҳои даври вилоятӣ ва минтақавӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, ШНТМ, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, бозиҳои миллии варзиширо намоиш доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, сарпарастии онро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бар уҳда гирифтаанд.
Ба барномаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, дав ба масофаҳои 200, 400, 800 метр, шоҳмот, бандкашӣ ворид гардидаанд. Дар доираи фестивал, ҳамчунин бозиҳои чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшербозӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ, ҳой ва бандпарак намоиш дода мешаванд.