Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футзали Тоҷикистон бо Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад

06.12.2019

: 1170

6 декабр дар меҳмонхонаи “Олимпиа”-и шаҳри Ашқободи Туркманистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал доир гашт.

Дар натиҷаи қуръакашӣ тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон ба гурӯҳи “А” ворид шуданд.
Дар Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал, ки аз 26 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, 16 дастаи беҳтарини қора дар чор гурӯҳ иштирок менамоянд. 5 дастаи беҳтарин қораи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Литва баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи “А”: Туркманистон (мизбон), Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Уммон;
Гурӯҳи “В”: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт;
Гурӯҳи “С”: Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия;
Гурӯҳи “D”: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Чемпионати Осиё оид ба футзал маротибаи 16-ум баргузор мешавад. Дар 15 давраи гузаштаи чемпионат 12 маротиба мунтахаби Эрон, 3 маротиба Ҷопон ғолиб гардидаанд.