Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии тирпаронӣ дар Хуҷанд

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии тирпаронӣ дар Хуҷанд Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии тирпаронӣ дар Хуҷанд

27.11.2019

: 1151

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Тир» мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт.

Дар ин бора хадамоти матбуоти МИҲД вилояти Суғд хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси Федератияи тирпаронии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Файзуллоев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, сокинони маҳалла ва варзишгарон ширкат карданд.
Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Он аз ҷониби мураббӣ оид ба намуди тирпаронӣ Марат Абдукаримов бо маблағи 1 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар маҷмаа барои дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиши тирпаронӣ шароит муҳайё гардидааст ва варзишгарон дар ин макон метавонанд маҳорати тирпарониашонро сайқал диҳанд ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.