Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Давраи омӯзишии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Кӯлоб

Давраи омӯзишии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Кӯлоб Давраи омӯзишии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Кӯлоб

26.11.2019

: 1153

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 22-24 ноябр дар шаҳри Кӯлоб давраи кутоҳмуддати омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Кӯлоб доир гашт.

Дар чорабинӣ беш аз 20 нафар масъули соҳа иштирок намуданд. Ба онҳо мутахассисони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзуъҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ, аз ҷумла таърихи бозиҳои олимпии қадим ва муосир, бозиҳои олимпии наврасон, варзиш ва ҷомеа, нақши варзиш дар рушди шахсият, допинг ва оқибатҳои истифодаи он, масъулияти федератсияҳои варзишӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, мақоми ваколатдори давлатии соҳа, банақшагирии баргузории мусобиқаҳо ва ғайра маърӯза хонданд.
Дар рӯзи ҷамъбасти давраи омӯзишӣ, ки ба Рӯзи Парчами давлатӣ рост омад, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ҳозиринро табрик намуда, аз нақши Парчам дар муттаҳидии аҳолии кишвар, варзиш муаррифгари миллат сухан гуфт. Аз ҷумла қайд кард, ки Парчам ва варзиш бо ҳам тавъаманд, зеро ҳадафи ҳар варзишгар ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва парафшон дидани Парчами давлати худ дар хориҷ аз кишвар мебошад. Онҳо ба ин восита дар муаррифии давлати худ дар сатҳи байналмилалӣ саҳм мегузоранд. Яъне, варзишгарон дар ҷомеа масъулияти бузург доранд.
Бо хушнудӣ қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилаливу қоравӣ иштирок карда, ба дастовардҳо ноил мегарданд, аз ҷумла дар даврони соҳибистиқлолии кишвар варзишгарони мо 4 медали Бозиҳои олимпиро сазовор гардидаанд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст.
Дар анҷом ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ супорида шуд.