Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур Усмонов аз Актау бо медали тилло бармегардад

25.11.2019

: 1307

Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтеулу дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд.

Мусобиқа 21-24 ноябр бо иштироки беш аз 70 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Россия ва Узбекистон дар шаҳри Актау баргузор шуд.
Баҳодур дар вазни -63кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, ҷои аввалро ишғол намуд.
Намояндаи дигари кишвари мо Иззатулло Алиев (вазни -52кг) дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гашт.
Ёдовар мешавем, ки ин шашум медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ медали тиллои Чемпионати Осиё ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буд.