Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Се дзюдочии тоҷик дар “Osaka Grand Slam-2019” ширкат мекунанд

21.11.2019

: 1696

22 ноябр дар шаҳри Осакаи Давлати Ҷопон Гранд Слам оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат мекунанд.

Дар мусобиқа, ки то 24 ноябр идома меёбад, 486 варзишгар (280 мард, 206 зан) аз 87 давлат аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон – сабқат менамоянд. Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар дар ду вазн – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) ба Ҷопон сафарбар гардиданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа, ки чанде пеш доир гашт, Сомон ва Беҳрӯз мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ мекунанд. Акмал бошад, дар даври аввал бо паҳлавони Исланд Свейбйорн Лура гуштин мегирад.
Қувваозмоиҳо бо иштироки паҳлавонони мо рӯзи 23 ноябр баргузор мешавад. Дар рӯзи аввал сабқатҳои ду вазн миёни мардон: -60кг, -66кг, се вазн миёни бонувон: -48кг, -52кг, -57кг сурат мегиранд. Рӯзи дуюм мардҳои вазнашон -73кг, -81кг, бонувони вазнашон -63кг, -70кг рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи охир қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон дар назар аст.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 150 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷои якум 5000 доллар, ҷои дуюм 3000 доллар ва ду ҷои сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст.