Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хатлон” – Чемпиони Тоҷикистон миёни бонувон

13.11.2019

: 1341

Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард. Медалҳои нуқра насиби дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ва медалҳи биринҷӣ насиби дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ 12 ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд.
Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ ва як бозиро бо бохт анҷом дод ва бо 49 хол дар ҷои аввали ҷадвал қарор гирифт.
Дар номинаҳои дигар Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон” дарвозабони беҳтарин, Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон” нишонзани беҳтарин, Некубахт Худододова аз дастаи “Зебонисо” бозингари беҳтарин ва Ашӯр Гадоев сармураббии дастаи “Хатлон” мураббии беҳтарин эътироф шуданд.
Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 10 даста иштирок намуданд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ карданд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Конибодом» (Конибодом).
Чемпионат дар ду марҳила сурат гирифт ва ҳар даста бо дастаҳои дигар дубозигӣ (дар хона ва дар сафар) анҷом доданд.
Соли гузашта Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон бо иштироки 6 даста доир гардида, дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ғолиб шуда буд.