Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд

Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд

07.11.2019

: 984

8-10 ноябр дар шаҳри Чонгҷуи Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.

Дар чемпионат варзишгарони беш аз 70 давлат аз рӯи се равия – самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбои бонувон – ширкат мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 9 нафар - Акмалиддин Каримов (вазни -57кг), Хушқадам Хусравов (-62кг), Парвиз Додов (-68кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-74кг), Зафар Олимшоев (-90кг), Одилҷон Сафаров (+100кг) дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латипов (-62кг), Ҷамшед Умаров (-57кг), Худоёр Раҷабзода (-68кг) дар самбои размӣ бо роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров ба Корея сафарбар гардиданд.

Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

8 ноябр
Бонувон: 48кг, 60кг, 72 кг;
Мардҳо: 52кг, 68кг, 90кг;
Самбои размӣ: 57кг, 74кг, 100кг.

9 ноябр
10:00. Мусобиқоти муқаддамотӣ
Бонувон: 52кг, 64кг, 80кг;
Мардҳо: 57кг, 74кг, 100кг;
Самбои размӣ: 62кг, 82кг, +100кг.

10 ноябр
Бонувон: 56кг, 68кг, +80кг;
Мардҳо: 62кг, 82кг, +100кг;
Самбои размӣ: 52кг, 68кг, 90кг.

Оғози рақобатҳои муқаддамотӣ – соати 6:00, финал – 14:00 бо вақти Душанбе.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2017 дар Сочии Россия Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ётаанд.