Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Устуворӣ дар варзиш: семинари омӯзишӣ дар Бӯстон

Устуворӣ дар варзиш: семинари омӯзишӣ дар Бӯстон Устуворӣ дар варзиш: семинари омӯзишӣ дар Бӯстон Устуворӣ дар варзиш: семинари омӯзишӣ дар Бӯстон

07.11.2019

: 76

Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи устуворӣ дар варзиш дар шаҳри Бӯстон семинари омӯзишӣ идома дорад.

Семинар бо иштироки масъулони соҳаи варзиши вилояти Суғд 6 ноябр оғоз гардида, фардо – 8 ноябр – ҷамъбаст мешавад.
Ин дуюм семинари омӯзишӣ аз се давраи Барномаи устуворӣ дар варзиш мебошад. Давраи аввал аз 31 октябр то 23 ноябр дар шаҳри Бохтар барои масъулони соҳаи варзиши вилояти Хатлон доир гашт. Баргузории давраи сеюм бошад, дар шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.
Ба иштирокчиён сармутахассиси Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҷамолиддин Исматуллозода ва мудири Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зубайдулло Маҳмадуллоев дар мавзӯъҳои гуногун, мисли варзиш ва муҳити зист, идоракунии ташкилоти варзишӣ, банақшагирии мусобиқаҳо, омода кардани тақвими мусобиқаҳои варзишӣ, ташкил ва баргузор кардани зина ба зинаи мусобиқаҳо, барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва ғайра маърӯза мехонанд.
Қайд гардид, ки соли равон бори аввал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар се марҳила – ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ – доир шуданд ва дар натиҷа сатҳи баргузории мусобиқаҳо хеле боло рафт. Ҳамчунин, дар мавриди амалӣ намудани чунин таҷриба барои дарёфти чеҳраҳои нав имкон фароҳам меояд.
Дар идома ба иштирокчиён масъулиятҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ фаҳмонда шуд. Қайд гардид, ки дастгирӣ ва ривоҷ додани мусобиқоти варзишӣ ва умуман варзиш, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусӣ ва ҳукуматҳо бо мақсади ба инсон хизмат намудани варзиш, алайҳи ҳар гуна ҳуқуқпоймолкунӣ мубориза бурдан, барои пешгирӣ намудани хавфу хатар ба саломатии варзишгарон тамоми чораҳоро андешидан, ба ҳар гуна сӯистифодаи тиҷоратӣ ва сиёсӣ дар варзиш мубориза бурдан, таҳти назорат гирифтан, ки Бозиҳои олимпӣ мунтазам ва дар шароити ҳифзи муҳити зист гузаронида шаванд, дастгирӣ намудани Академияҳои олимпӣ ва дигар муассисоте, ки бо омӯзиши олимпӣ машғуланд аз вазифаҳои муҳимтарини Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ мебошанд.
Иштирокчиёни семинар дар гурӯҳҳо ба машғулиятҳои амалӣ низ ҷалб гардиданд.