Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

10 000 сомонӣ мукофотпулии КМОТ ба Сомон Маҳмадбеков

23.10.2019

: 1539

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбековро қадрдонӣ кард.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои пешвози ботантанаи узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков ҷиҳати ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир гашт, 24 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросисми бошукуҳ ташкил карда, варзишгарро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.
Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Қобили зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ШМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз мегардад.
Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.