Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионҳои нави тенниси рӯи миз муайян шуданд

23.10.2019

: 1060

22 октябр дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.

Дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ ва ШНТМ миёни ҳам барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ дар равияҳои инфиродӣ, даставӣ, даставии омехта миёни занон ва мардон рақобат намуданд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаи медалҳои бадастомада шаҳри Душанбе мақоми аввал, вилояти Суғд ҷои дуюм ва вилояти Хатлон мақоми сеюмро касб намуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аҳтам Абдуллозода ғолибони чемпионатро муборакбод гуфта, зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва инфрасохтори соҳаи варзиш рӯз то рӯз беҳтар гардида, варзишгаронро мебояд, ки пайваста машқу тамрин намуда, ҷиҳати ба даст овардани медалҳои сатҳи байналмилалӣ талош варзанд.

Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар соли 2019:

Даставӣ

Мардҳо
1. Суғд
2. Душанбе-1
3. Хатлон-2

Бонувон
1. Душанбе-1
2. Суғд
3. ШНТМ

Ҷуфти омехта
1. Султонов Убайд / Азизова Наргис
2. Сомони Ҳусейн / Баротова Лола
3. Маҳмудов Авзал / Сумайя Амирӣ

Ҷуфти мардҳо
1. Сомони Ҳусейн / Султонов Убайдулло
2. Маҳмудов Авзал / Набиев Шероз
3. Солиев Хуршед / Яҳёев Миряҳё

Ҷуфти бонувон
1. Исмоилова Динора / Сумайя Амирӣ
2. Сайдалиева Зулфинисо / Муродӣ Сабрина
3. Тухмосева Наргиса / Қодирова Ясмина

Инфиродӣ

Мардҳо
1. Сомони Ҳусайн
2. Султонов Убайдулло
3. Набиев Шероз

Бонувон
1. Исмоилова Динора
2. Сумайя Амирӣ
3. Азизова Наргис