Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: тақдири медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар даври охир ҳал мешавад

21.10.2019

: 1187

Рӯзи якшанбе, 20 октябр, бозиҳои даври нуздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Агар чемпиони Тоҷикистон-2019 ду давр қабл маълум гардида бошад, вале барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ то ҳол муайян нест. То анҷоми мавсими имсолаи лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ мондааст.
Дастаи “Куктош” дар доираи даври нуздаҳум дар майдони худ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар дақиқаи 37-ум бозингари мизбон Равшан Азизов ба дарвозаи дастааш гол зад. Сипас, дар нимаи дуюм Азизбек Султонов ва Сорбон Авғонов ду гол зада, ғалабаи “Куктош”-ро таъмин намуданд.
“Регар-ТадАЗ” низ дар майдони худ бар “Истаравшан” бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шерзод Муҳаммадиев ду тӯб, Диловаршо Ғаниев, Ҷамолиддин Зардиев яктӯбӣ ба ҳадаф расониданд, як тӯби дигарро бозингари меҳмон Асадбек Зиёзода вориди даровзаи дастааш кард. Голҳои “Истаравшан”-ро Мбеке Диеудонни ва Ҳоҷибой Зиёев ба номашон сабт карданд.
Дар бозии дигар “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Муҳаммадҷон Раҳимов ду гол, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев якголӣ заданд. Ду голи тими мизбонро Амир Меъморӣ ба ҳадаф расонд.
Бозии охирини давр миёни дастаҳои “Хуҷанд” – КМВА “Помир” мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Дар даври 20-ум 27 октябр “Хатлон” бо КМВА “Помир”, “Истиқлол” бо “Хуҷанд”, “Истаравшан” бо “Панҷшер”, “Куктош” бо “Регар-ТадАЗ” вомехуранд. Қабл аз ин давр – 24 октябр бозии мавқуфмондаи даври 13-ум миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Истаравшан” доир мегардад.

   ДАСТАҲО      Б      Ғ      М      Б      Т/Т      Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)      19  15  3  1  56-16   48
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  18  10  3  5  33-17  33
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)      19  8  4  7  31-30  28
 4  "Хатлон" (Бохтар)  19  6  5  8  25-26  23
 5  КМВА "Помир" (Душанбе)  19  6  5  8  19-24  23
 6  "Куктош" (Рӯдакӣ)  19  6  5  8  26-33  23
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  18  6  3  9  19-29  21
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)      19  3  2  14  15-49  11