Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Абдураҳим Ёқубов - чемпиони Осиё оид ба бокс

Абдураҳим Ёқубов - чемпиони Осиё оид ба бокс Абдураҳим Ёқубов - чемпиони Осиё оид ба бокс Абдураҳим Ёқубов - чемпиони Осиё оид ба бокс Абдураҳим Ёқубов - чемпиони Осиё оид ба бокс

17.10.2019

: 4072

Варзишгарони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки 10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори ду медал гардиданд.

Дар чемпионат 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба АМА сафарбар гардида, дар 11 вазн муҳориба карданд ва ба гирифтани як медали тилло ва як нуқра даст ёфтанд.
Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54кг ба даст овард. Абдураҳим дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, унвони чемпиони Осиё миёни наврасонро мушарраф шуд.
Медали нуқраро Абубакр Муродов дар вазни 52кг сазовор гардид. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо гардид, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб гашт.