Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ-2019: Пирӯзии ду муштзанбонуи тоҷик дар рақобати аввал

08.10.2019

: 1083

Имрӯзҳо дар шаҳри Улан Удэи Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ҷараён дорад, ки дар он 4 варзишгари тоҷик низ иштирок мекунанд.

Ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова дар вазни 57кг бар намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ ва Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг бар намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ пирӯз шуда, ба даврҳои навбатӣ роҳ ёфтанд.
Акнун Миҷгона Самадова дар даври ҳаштякфиналӣ 8 октябр муқобили намояндаи Англия Каррис Артингсталл, Нилуфар Бобоёрова дар даври чорякфиналӣ 10 октябр муқобили варзишгари Руссия Екатерина Динник ба ринг мебароянд.  
2 варзишгари дигари мо Идимоҳ Холова аз варзишгари Узбекистон Шаҳноза Юнусова ва Шоира Зулқайнарова аз варзишгарбонуи Венесуэлла Омайлин Алкала мағлуб гардиданд.
Дар чемпионат беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат доранд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд: -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг, +81кг.