Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт

07.10.2019

: 877

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов шоми 6 октябр дар даври ниҳоӣ бар тими ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юми дидор Шаҳром Самиев зад.
Мунтахаби ҷавонони мо дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои Малдив (9:0) ва Лубнон (1:0) ғалаба карда буд.
Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани 9 хол аз 9 холи имконпазир мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли ояндар дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 10 ноябр, пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи боқимонда, маълум мегарданд.

     Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1   ТОҶИКИСТОН       3  3  0  0  11-0    9
 2  Лубнон  3  1  1  1  3-2  4
 3  Сурия  3  1  1  1  4-4  4
 4  Малдив  3  0  0  3  2-14  0