Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот: баъд аз 4 давр Суғд пешсаф аст

04.10.2019

: 1075

Тавре иттилоъ дода будем, имрӯзҳо дар маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат ҷараён мегирад. Дар мусобиқа 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, ШНТМ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон ширкат доранд.

Иштирокчиён дар 7 давр бозӣ мекунанд. Пас аз натиҷагирии 4 даври мусобиқа дастаи вилояти Суғд бо 21 хол пешсаф аст. Душанбе-1 бо 19,5 хол дар ҷои дуюм, ВМКБ бо 17,5 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.
Имрӯзу фардо шоҳмотбозон дар се даври боқимонда бозӣ карда, ғолибон муайян мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат-2019
Марҳилаи ниҳоӣ

1-ум давр
Суғд – Ҳисор – 6:0
Душанбе-1 – Рашт – 6:0
Душанбе-2 – Хатлон – 4,5:1,5
ВМКБ – Хатлон-2 – 5:1

2-юм давр
Суғд – Душанбе-1 – 3:3
ВМКБ – Ҳисор – 5:1
Хатлон-1 – Рашт – 5:1
Душанбе-2 – Хатлон-2 – 5:1

3-юм давр
Суғд – Хатлон-1 – 6:0
Душанбе-1 – Ҳисор – 6:0
Хатлон-2 – Рашт – 5,5:0,5
Душанбе-2 – ВМКБ – 4,5:1,5

4-ум давр
Суғд – Хатлон-2 – 6:0
Душанбе-1 – Хатлон-1 – 4,5:1,5
ВМКБ – Рашт – 6:0
Ҳисор – Душанбе-2 – 4:2