Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон миёни бонувон дар Улан Удэ муайян мешаванд

Беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон миёни бонувон дар Улан Удэ муайян мешаванд Беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон миёни бонувон дар Улан Удэ муайян мешаванд

02.10.2019

: 1014

3-13 октябр дар шаҳри Улан Удэи Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад.

Дар чемпионат беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат мекунанд, ки миёни онҳо 4 муштзанбонуи тоҷик низ ҳастанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд: -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг, +81кг. Ҷумҳурии моро Миҷгона Самадова дар вазни -57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни -64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни -69кг бо роҳнамоии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд.
Муҳорибаҳои варзишгарони мо аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад. 4 октябр Идимоҳ Холова дар аввалин рақобаташ бо варзишгари Узбекистон Шаҳноза Юнусова болои ринг мебарояд. 5 октябр Миҷгона Самадова бо намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ нерӯ месанҷад. Муҳорибаи Шоира Зулқайнарова бо варзишгарбонуи Венесуэлла Омайлин Алкала 6 октябр ва муҳорибаи нахустини Нилуфар Бобоёрова муқобили намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ 7 октябр сурат мегирад.

Дар акс Миҷгона Самадова