Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Вазифа дар назди тими ҷавонон: баромадан ба марҳилаи финалии ЧО-2020

30.09.2019

: 970

2-6 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи “С” баргузор мешавад.

Дар мусобиқа тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ширкат менамояд. Ҳайати асосии тими мунтахаби ҷавонони моро бозингароне ташкил медиҳанд, ки охири ин моҳ дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17) дар Бразил ширкат менамоянд.
Барои ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтан, ки соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, тими ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малдив (2 октябр), Лубнон (4 октябр) ва Сурия (6 октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 19:00 оғоз мегардад.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ меёбанд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола:
Гурӯҳи “С”

1-ум давр
2 октябр (чоршанбе)

16:00. Сурия – Лубнон
19:00. ТОҶИКИСТОН – Малдив

2-юм давр
4 октябр (ҷумъа)

16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
6 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Малдив
19:00. ТОҶИКИСТОН – Сурия