Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2020 роҳ ёфт

23.09.2019

: 1179

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” бар дастаи наврасони Урдун бо ҳисоби 5:2 ғалаба карда, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омад ва 12 хол гирифт.
Ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Ҳиндустон (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “D”), Қатар (гурӯҳи “Е”), Амороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “F”), Чин (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), ҶХД Корея (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”), Ҷумҳурии Корея (гурӯҳи “К”) ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо – Яман (гурӯҳи “Е”), Индонезия (гурӯҳи “G”), Узбекистон (гурӯҳи “В”), Уммон (гурӯҳи “D”) роҳхат гирифтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон маротибаи чорум мешавад, ки дар финали Чемпионати Осиё иштирок менамояд. Наврасони тоҷик қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар қисмати финалӣ бозӣ карда буданд. Беҳтарин натиҷаи футболбозони мо медали нуқраи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мебошад. Соли 2006 бошад, онҳо медали биринҷӣ гирифта буданд.


Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

1-ум давр
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

2-юм давр
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

4-ум давр
Урдун – Кувайт – 1:1

Непал – ТОҶИКИСТОН – 0:7
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Сайдалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Сайдалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

5-ум давр
Шри Ланка – Непал – 0:3

ТОҶИКИСТОН – Урдун – 5:2
Голҳо: Абдул Қодир Ал-Алим, 11 (0:1). Адҳам Ал-Ризоӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Сунатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Сайдалиев, 82 (5:2).