Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии сеюми тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020

Пирӯзии сеюми тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020 Пирӯзии сеюми тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020

21.09.2019

: 1022

Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бозии сеюмашро низ бо ғалаба анҷом дода, барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи финалӣ як қадами дигер пеш рафт.

Дар даври чоруми бозиҳои гурӯҳи “А” шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаи наврасони Непал бо ҳисоби 7:0 ғалаба карданд. Муҳаммадворис Сайдалиев се гол, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хуршед Давлатзода ва Муҷовид Шовайсиддинов якголӣ ба номашон сабт карданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни Урдун ва Кувайт бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Пас аз натиҷагирии чор давр дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 9 хол пешсаф аст. Урдун, ки 7 хол дорад, дар ҷои дуюм, Кувайт бо 5 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Дар даври ҷамъбастӣ 22 сентябр тими наврасони мо бо мунтахаби наврасони Урдун бозӣ мекунад. Оғози бозӣ – соати 22:00. Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 футболбозони моро ҳисоби мусовӣ ҳам қонеъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

1-ум давр
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

2-юм давр
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

4-ум давр
Урдун – Кувайт – 1:1

Непал – ТОҶИКИСТОН – 0:7
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Сайдалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Сайдалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

5-ум давр
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе