Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Файзобод ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар Файзобод ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар Файзобод ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар Файзобод ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

20.09.2019

: 159

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод, дар маркази ноҳия ду майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ҷамшед Ғаффоров бунёд гардида, аз ду майдончаи универсалӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, мағоза ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳот ва маркази ноҳияи Файзобод айни замон беш аз 70 майдончаи варзишӣ ва 30 толори тамрин фаъолият менамоянд. Маҳз ҳамин шароити созгор сабаб шудааст, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтар гардад.