Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни тоҷик дар Гран Прии Тошканд ширкат мекунанд

19.09.2019

: 1328

Фардо – 20 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалии Гран При аз силсилаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) оғоз мегардад ва то 22 сентябр идома меёбад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, дар мусобиқа 423 варзишгар (232 мард, 191 зан) аз 71 давлати дунё иштирок мекунанд. Миёни онҳо 12 варзишгари тоҷик низ ҳастанд, ки аз рӯи ҳамаи категорияҳои вазнӣ миёни мардон гуштин мегиранд: дар вазни -60кг Муҳаммад Муҳаммадзода, Шаҳбоз Саидаброров, вазни 66кг - Ёқубҷон Боқиев, вазни -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, вазни -81кг – Акмал Муродов, Садр Боев, вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён, вазни -100кг – Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев ва вазни +100кг – Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.
Дар асоси қуръакашии мусобиқа, ки имрӯз – 19 сентябр – доир гашт, ҳарифони паҳлавонони мо дар даври аввал маълум гаштанд. 20 сентябр Муҳаммад бо Виҷай Кумар Ядав аз Ҳиндустон, Шаҳбоз бо Комрон Нуралиев аз Узбекистон, Ёқубҷон бо Майкл Адам аз Олмон қувваозмоиро шурӯъ мекунанд.
21 сентябр аз даври дуюм Беҳрӯз бо Евгений Прокопчук (Руссия), Сомон бо Ҳикматуллоҳ Тураев (Узбекистон), Акмал бо Франк Де Вит (Нидерланд) гуштин мегиранд.
Дар рӯзи охир Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, Шарифҷон бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбекистон), Саидҷалол бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад бо Руслан Шаҳбозов (Руссия) ва Темур бо Ричард Сипоз (Маҷористон) аз даври аввал мусобиқаро оғоз менамоянд.
Варзишгарон дар баробари медал, соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.