Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад

Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад

17.09.2019

: 240

То оғози Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба варзиши сабук 10 рӯз боқӣ монд. Ин чорабинии муҳими варзишӣ аз 27 сентябр то 6 октябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.

Дар чемпионат ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 давлат ширкат хоҳанд кард. Чемпионат аз рӯи 27 қувваозмоӣ миёни мардону бонувон сурат мегирад.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо ду варзишгар – Дилшод Назаров ва Гулсунбӣ Шарифова ба Доҳа сафарбар мегарданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, Гулсунбӣ дар дав ба масофаи 200 метр ширкат менамоянд.
Варзишгароне, ки дар қувваозмоиҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабукро (IAAF) иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Дар қувваозмоиҳои эстафета бошад, 8 ҷои аввали ҳар қувваозмоӣ имкони ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020-ро доранд.
Ҳамчунин, IAAF барои варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол мекунанд, чунин ҷоизапулӣ муқаррар кардааст:

Қувваозмоиҳои инфиродӣ
1. 60 000 доллари ИМА
2. 30 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 15 000 доллари ИМА
5. 10 000 доллари ИМА
6. 6 000 доллари ИМА
7. 5 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Эстафета
1. 80 000 доллари ИМА
2. 40 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 16 000 доллари ИМА
5. 12 000 доллари ИМА
6. 8 000 доллари ИМА
7. 6 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Инчунин, варзишгароне, ки рекорди нави ҷаҳонро мегузоранд, боз 100 000 доллари ИМА иловагӣ ҷоиза мегиранд.

Ёдрас менамоем, ки Тоҷикистон дар 28 соли соҳибистиқлолӣ 3 медал (2 тилло, 1 нуқра)-и Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабукро дорад, ки дар намуди гурзандозӣ ба даст омадаанд. Медалҳои тиллоро Андрей Абдувалиев солҳои 1993 (Штутгард, Олмон), 1995 (Готенбург, Шведсия), медали нуқраро Дилшод Назаров соли 2015 (Пекин, Чин) сазовор гардидаанд.