Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Филмҳои кутоҳи Olympic Channel дар бораи Дилшод Назаров ва Анастасия Тюрина

17.09.2019

: 1160

Дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Анастасия Тюринаи 14-сола бори аввал ширкат карда, Дилшод Назаров аввалин медали тиллои олимпиро барои Тоҷикистон овард. Онҳо қаҳрамонҳои филмҳои кутоҳи лоиҳаи "Original Fuel" аз миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.

Шабакаи телевизионии Кумитаи байналмилалии олимпӣ "Olympic Сhannel" аз ҳаёти олимпичиён дар мавзӯъҳои гуногун филмҳои кутоҳро нашр мекунад. Аввали моҳи сентябр дар сомонаи Olympic Сhannel барномаҳо дар бораи ду варзишгари Тоҷикистон нашр шуд.



Шиновари тоҷикистонӣ дар ҳавзҳои меҳмонхонаҳо тамрин мекунад
Дар шаҳри барои Анастасия Тюрина маҳбуб – Душанбе – ҳавзи шиноварии 50-метрии ба стандарти Бозиҳои олимпӣ ҷавобгӯ мавҷуд нест, аммо ин барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ ба Рио монеа нашуд. Феълан ӯ кӯшиш мекунад, то ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст оварад.
Дар навори видеоӣ Анастасия дар бораи тамринҳояш, дар бобати он ки интизори ифтитоҳи маҷмааи нави варзишӣ мебошад, ки имконияти беҳтари омодагӣ ба мусобиқаҳоро дорад, нақл мекунад.
“Барои чӣ ғамгин бошем, ки ин ё он шароитро барои тамрин надорем? Танҳо бояд барои расидан ба мақсад ба пеш ҳаракат кард”.



Чемпиони Бозиҳои олимпӣ оид ба гурзандозӣ, ки гулулаҳоро модараш омода мекард
Дилшод Назаров аввалин ва феълан ягона чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад. Вақте Дилшод тамринҳоро дар ин намуд оғоз кард, гулулаҳоро барои машқ модараш таҳия менамуд.
Дилшод нақл мекунад, ки чӣ гуна дар соли 1993, вақте ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба варзиш машғул мешуд. Он замон ягон шароит набуд, ҳатто мураббӣ надошт. Вале тамринҳои ҷиддӣ бо гузашти замон натиҷа дод.

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бори аввал дар Бозиҳои олимпии соли 1996 ва минбаъд дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ иштирок кардааст ва варзишгарони мо 4 медали олимпӣ ба даст овардаанд.
Медали тиллоро Дилшод Назаров (Рио-2016), як медали нуқраро Юсуф Абдусаломов (Пекин-2008) ва ду медали биринҷиро Расул Боқиев (Пекин-2008) ва Мавзуна Чориева (Лондон-2012) мушарраф гардидаанд.