Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-15) – барандаи медали биринҷии Чемпионати CAFA-2019

Мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-15) – барандаи медали биринҷии Чемпионати CAFA-2019 Мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-15) – барандаи медали биринҷии Чемпионати CAFA-2019

17.09.2019

: 116

16 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои духтарони то 15-сола ба анҷом расид. Тими мунтахаби духтарони Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар чемпионат футболбоздухтарони мо се бозӣ анҷом дода, дар як бозӣ муқобили Узбекистон ғалаба карданд (2:0), дар ду бозӣ аз ҳамсолонашон аз Эрон (0:4) ва Қирғизистон (1:6) мағлуб гардиданд.
Мунтахаби Эрон, ки дар ҳар се бозӣ пирӯз шуд, ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои духтарони то 15-сола

1-ум давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 4:0
Узбекистон – Қирғизистон – 2:6

2-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 2:0
Голҳо: Рухшона Файзуллоева, 2 (1:0). Рухшона Файзуллоева, 35+3 (2:0).

Қирғизистон – Эрон – 0:1

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:6
Голи Тоҷикистон: Малика Қаюмова.

Узбекистон – Эрон – 2:3