Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии Тоҷикистон бар Шри Ланка дар марҳилаи интихобии ЧО-2020

17.09.2019

: 1193

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020-ро бо ғалаба оғоз кард.

Дар аввалин бозиаш дар гурӯҳи “А” тими наврасони кишвар бар дастаи наврасони Шри Ланка бо ҳисоби калони 8:0 пирӯз шуд. Бозӣ шоми 16 сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун баргузор шуд.
Дар ҳайати тими наврасони мо Абдулфаттоҳ Худойдодзода 4 гол, Муҳаммадворис Сайдалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ заданд.
18 сентябр дар даври сеюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо ҳамослонашон аз Кувайт бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

1-ум давр
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

2-юм давр
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Бозиҳои оянда:
3-юм давр
18 сентябр (чоршанбе)
19:00. ТОҶИКИСТОН – Кувайт
22:00. Урдун – Шри Ланка

4-ум давр
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

5-ум давр
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе