Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаи даври 14-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон

Натиҷаи даври 14-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон Натиҷаи даври 14-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон

16.09.2019

: 84

Баъд аз танаффуси сеҳафтаина, бо сабаби иштироки тими миллии кишвар дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ аз сар гирифта шуд.

Дар бозии марказии давр “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 33 футболбози дастаи Душанбе Муҳаммадҷон Рахимов кушод. Ҳамдастаҳояш Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 54 ва Комрон Турсунов дар дақиқаи 57 ду голи дигар заданд. Дар қисмати охири дидор мизбонон тавассути Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 72 ва Акбар Бобомуродов дар дақиқаи 77 ду тӯб вориди дарвозаи меҳмонон карданд – 2:3.
КМВА “Помир” дар майдони худ бар тими “Куктош” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи артиш Комрони Мирзохон ду гол, Принс Артур як гол заданд. Голҳои дастаи “Куктош”-ро Бахтиёр Қаландаров ва Султоншо Мирзоев ба номашон сабт карданд.
“Истаравшан” низ дар бозии хонагӣ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Бозингари тими меҳмон Шарифҷон Қодиров дар дақиқаи 3-юм ҳисобро кушод, пас аз 4 дақиқа Фирӯз Қараев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 21-ум Диловар Бойқузиев дастаи “Истаравшан”-ро ба пеш баровард, вале Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 52 ҳисобро боз ҳам баробар намуд. Пас аз 10 дақиқа Фирӯз Қараев голи дуюми худ ва сеюми дастаи Истаравшанро зада, ғалабаи тимашро таъмин намуд.
Дар бозии охирини давр “Хатлон” ба дарвозаи “Хуҷанд” тавассути Эҳсон Бобоев ва Аҳтам Ҳамроқулов 2 голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду марҳила дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 38 хол пешсаф аст. “Хуҷанд” бо фарқияти 18 хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Барои он ки “Истиқлол” бори ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шавад, дар ҳафт даври минбаъдаи мавсими 2019 танҳо ду пирӯзӣ зарур аст.
Бозиҳои даври 15-ум 18 сентябр доир мегарданд. «Истиқлол» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА «Помир», «Куктош» бо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» вомехуранд.

   ДАСТАҲО   Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1   "Истиқлол" (Душанбе)    14   12   2  0  41-9    38  
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  13  6  2  5  22-14   20
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  14  5  4  5  20-19  19
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    14  5  4  5  22-22  19
 5  "Хатлон" (Бохтар)  14  5  3  6  16-19  18
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  14  5  3  6  15-20  18
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)    13  4  2  7  12-21  14
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)    14      2       2      10     10-34     8