Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

11 медали самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

16.09.2019

: 155

13-15 сентябри соли равон дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва самбои размӣ миёни мардҳо доир гашт.

Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медалҳои тиллоро Шердил Алмосов дар вазни -74кг, Саидиброз Икромов дар вазни -90кг миёни ҷавонон ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни -74кг миёни калонсолон ба даст оварданд.
Медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни -68кг миёни ҷавонон соҳиб шуд.
Миёни наврасон Комилҷон Ҳайдаралӣ (-56кг), Субҳон Мирзомуродзода (-70кг), Муҳаммадҷон Зиёев (-48кг), миёни калонсолон Талабшо Мунавваров (-52кг), Ҳамроз Раҷабов (-82кг), Одилҷон Сафаров (+100кг) ва дар самбои размӣ Худоёр Раҷабзода (-68кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.