Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ-2019 оид ба бокс: Баҳодур Усмонов ба даври сеюм роҳ ёфт

15.09.2019

: 1150

Муштзани маъруфи кишвар, чемпионаи Осиё-2019 Баҳодур Усмонов ба даври сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссия ҷараён дорад, роҳ ёфт.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир бо накаутӣ техникӣ ғалаба кард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Украина Александр Железняк дастболо шуда буд. Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Фаронса Софиан Оумиҳа мебошад. Софиан чемпионаи ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст. Муҳорибаи онҳо 17 сентябр сурат мегирад.
Имрӯз – 15 сентябр – соати 19:00 варзишгари дигари мо Шаббос Негматуллоев дар даври дуюми вазни -81кг ҳарб дорад. Ӯ муқобили муштзани бомаҳорати мисрӣ Абдураҳмон Салоҳ ба ринг мебарояд. Шаббос дар даври аввал варзишгари Шведсия Лиридон Нуҳаро мағлуб карда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ - -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – иштирок доранд.